Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва ивғоангезиро дар худ таҷассум намуда бо терроризм алоқаи зич дорад. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, ки то бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд. Ҷавононе, ки ба сӯи ин роҳқадам мемонанд, ояндаи худро барбод мекунанд. Маҳз барои ҳамин аз аҳли илм талаб карда мешавад, ки ҷавононро ҳамчун инсони комил тарбия намуда, роҳи равшани ояндаи пурнурро нишон диҳанд.
Аз он ҷумла, хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, садоқату орият, бофарҳангиву маданиятнокӣ тарбия намудан вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгорон ва устодон ба шумор меравад.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи
дастгоҳи Раиси ноҳия Шаҳристон Муҳиддинов Б.