Таҷлили Рӯзи Ваҳдат дар ноҳияи Шаҳристон

Чоп

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд , сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Азамат Азимӣ паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ қироат намуд.

Дар рафти ҷамъомади тантанавӣ котиби Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эьёи Тоҷикистон Ваҳобҷон Зойиров бо сипосномаи Раиси вилоят, раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қадрдонӣ гардид

Дар чорабинии мазкур хонандаи синфи 10-и МТМУ №9-и деҳаи Гулистон Сардор Хӯҷанов барои ишғоли ҷойи якум дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни таърих ва хонандаи синфи 6-уми МТМУ №3-и деҳаи Навкент Холиқулова Марҷона барои ишғоли ҷойи дуюм аз фанни забони давлатӣ бо туҳфаҳои молиявии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қадршиносӣ гардиданд.

Инчунин омӯзгорони хонандагон низ бо туҳфаҳои молиявӣ қадршиносӣ гардиданд.

Барномаи консертии аҳли фарҳанги ноҳия анҷомбахши ҷамъомади тантанавӣ гардид.