Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба дини мубини Ислом таъсир расонида, ҷавонони соддалавҳу зудбоварро ба доми худ мекашанд. Аслан терроризм ин ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, беинтизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат ва ба даст даровардани Ҳокимият мебошад.Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ ва куштори бераҳмона анҷом диҳанд. Онҳо тинҷиву оромии ҷомеаро зери хатар гузошта, сабаби нооромиҳои зиёде мешаванд.
Аз ин рӯ мо бояд ҳар лаҳза ҳушёру закӣ бошем.Зеро давлати мо давлати соҳибистиқлол, тинҷиву оромӣ дар фазояш ҳукмфармо мебошад. Мо намегузорем, ки чунин нобакорон ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд.
З.Ғоибова