МАФҲУМИ ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА НАВЪҲОИ ОН

Чоп

Терроризм аз забони лотинӣ (terror – даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст. Терроризм яке аз шаклҳои манфуртарини экстремизми сиёсист. Мафҳуми экстремизм бошад, аз забони франсузӣ (extremism) ва аз лотинӣ (extremus)  гирифта шуда, маънои канораро дорад. Экстремизм дар пояи пайравӣ ё эътиқод ба ҳиссиёт, амал, стратегия ё муносибат ба чизеву касе сар зада, ҳолату вазъияти махсуси зоҳиршавиро дорад. Фаъолияти экстремистӣ аслан тавассути таблиғоту ташвиқот (осоишта) ва тавассути ҷанг ё низои мусаллаҳона сурат мегирад. Терроризм  як навъи мусаллаҳона ва муташаккилонаи экстремизми сиёсист.

Террор ва терроризмро (ба он нигоҳ накарда,ки дар баъзе ҳолатҳо аломатҳои монандиеро ба худ мегиранд) метавон чунин шарҳ дод:

- террор ин таҳдид аз тарафи ҳокимият (ҳокимияти бо реҷими тотолитарии идоракунӣ асосёфта) ё зулми қудратмандон нисбати нотавонон (беқудратон) аст;

- терроризм бошад, акси террор зӯроварии ҷониби нотавон нисбати ҷониби пурқувват мебошад. Бинобар ин, дар як маврид ин ду падидаро метавон муқобили ҳам номид.

Яке аз шоҳони сулолаи  Ғазнавиён Султон Маҳмуд соли 1919 пас аз ишғол кардани қалъаи Маҳован бо сабаби он, ки ҳокими қалъа пеш аз омадани ӯ гурехтааст, тамоми сокинони онро қатли ом намуда буд. Амалиёти террористӣ, махсусан дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI хеле афзоиш ёфтаанд. Аз соли 1970 то соли 1980 дар тамоми дунё 1814 амали террористӣ анҷом ёфта бошад, аз соли 1980 то 1986 шумораи онҳо ду баробар афзуд. Якчанд шаклҳои терроризмро фарқ мекунанд, ки асоситарини онҳо навъҳои зер мебошанд:

Терроризми сиёсӣ – ин навъи терроризм бо истифода аз таҳдид ҷомеаро ба ҳолати моҷарогароӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷа ҷудоӣ ва бесарусомонӣ хоси он ҷомеа мегардад. Ба сифати субъекти терроризми сиёсӣ чун қоида ҳизбҳои сиёсии радикалӣ, гурӯҳҳои алоҳидаи дохили ҳизб ё иттиҳодҳои ҷамъиятӣ, ташкилоти экстремистӣ баромад мекунанд.

Терроризми миллатгароӣ – ин навъи терроризм бо таҳаммулнопазирии миллӣ асос ёфта, дар фаъолияти он маҳдудсозии фаъолияти намояндагони ин ё он халқ бо истифода аз  террор асос ёфтааст. Терроризми миллатгароӣ бо сепаратизм алоқамандӣ дорад, ки он ҳамчунин баҳри иҷрои амалҳои дигар, тағйирот дар сохти давлати мавҷуда, вайронсозии ягонагии ҳудудӣ, ташкили давлати соҳибистиқлол анҷом дода мешавад. Ба мисоли чунин навъи терроризм Армияи Ҷумҳуриявии Ирландия (Ирландияи шимолӣ), Ҳизби коргарии Курдистон (Туркия), Фронти озодихоҳи Квебака (Канада), Паланги озодихоҳи Тамил Илама (Шри-Ланка)-ро номбар намудан мумкин аст.

Терроризми динӣ – он ба муқобили  сиёсати глобалии давлатҳои абарқудрат, ки кулли давлатҳои ҷаҳонро   дар як «хонаи бузург» муттаҳид кардан  мехоҳанд, ки ин иқдом оқибат ба дини онҳо рахна ворид месозад равона гардидааст. Баъзе аз ин навъи ташкилот бахусус Ҳизболлоҳ, Ал-қоида мақсади бунёди хилофати мусулмониро доранд.

Терроризми ҷиноӣ  - он бо куштор, низоъ андохтан байни гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа, таъсир расонидан ба фаъолияти намояндагони ҳокимият асос ёфтааст.

Терроризми технологӣ, ки таҳдиди аз ҳама бештар дорад. Он бо истифода аз яроқи ядроӣ, кимиёвӣ, бактериологӣ ва воситаҳои радиоактивӣ, инчунин муҳосираи объектҳо, яроқҳо, маводҳои ядроӣ мақсадҳои хешро амалӣ мегардонад.

Терроризми кибернетикӣ – он нисбати ҳамаи навъҳои терроризм таҳдиди бештар дорад. Асоси фаъолияти он роҳ ёфтан ба васоити ахбордиҳӣ, аз ҷумла интернет ва пахш кардани маълумотҳои бардурӯғ, инчунин тағйир додани далелҳо мебошад. Ба монанди ин навъи фаъолияти террористӣ, террористон боз як методи дигареро пайдо кардаанд, ки ин ба оби мавриди истифодабарии умум қарордошта ҳамроҳ сохтани моддаҳои заҳролуд ба шумор меравад. Он хатари бештареро болои аҳолӣ  меорад.

Мақсадҳои терроризмро ба ду навъ ҷудо мекунанд:

Дохилӣ – ба вуҷуд овардани бетартибиҳо дар минтақаҳои гуногуни як давлат, ҳизбҳоро ба ҳам ангехтан, паст намудани эътибори ҳокимият ва боварии мардум  нисбат ба он;

Берунӣ -  суст намудани робитаҳои байналхалқӣ, байнидавлатӣ, ба вуҷуд овардани моҷароҳо байни минтақаҳо, фишор ба шаҳрвандони давлатҳои дигар.

Терроризм аз ҷанги муқаррарӣ аслан бо он фарқ мекунад,ки  амалиёти бардавомро соҳиб  нест. Онро як навъ ҷанги бемӯҳлат ном мебаранд. Субъектони терроризм низ бо психологияи махсуси худ фарқ мекунанд, ки онро психологияи террорист меноманд:

-бераҳмӣ - (террорист медонад, ки бо амали содиркардаистодаи    худ        ҷони чандин нафаррор аз байн мебарад, вале онро содир мекунад;

-дилмондагӣ аз ҳаёт - (террорист пеш аз содир намудани амале  ҳамин қадар худро бояд бовар кунонад,ки рузе мемирад ва ё агар дастгир шавад, умри минбаъдаи ӯ паси панҷараи зиндон мегузарад);

-нафрат доштан- (ба худ, ба шахсони алоҳида,ба ҷомеа );

-фанатизм - (таассуб);

-ноустувории психологӣ, бемории психикӣ;

-боварӣ ба он, ки амали ҳақро содир мекунад;

Қадамҳои устувор ва воқеӣ баҳри мубориза бо терроризм дар асоси пешгирии амали зер бояд  сурат бигирад.

- ба роҳмонии мақсаду идеяе, ки на танҳо ба минталитет ва манфиатҳои як давлату миллат хос аст, балки он бояд манфиатҳои тамоми миллатҳои сайёраро таҷассум намояд;

-дар шуур ва ботини ҳар як шахс ҷой додан ва пазонидани андешаи ватандӯстӣ.