Мубориза бар зидди терроризм

Чоп
Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ворид карда шудаанд. Зери мафҳуми “сафедкунии фаъолияти террористӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти оммавӣ оид ба дастгирии амалҳои террористӣ ва дастгирии ин идеология фаҳмида мешавад. Баъди нашри Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав барои даъвати оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва ё сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 10 то 15 сол пешбинӣ шудааст.Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.