Стратегияи глобалии терроризм

Чоп

Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегияи глобалии оид ба мубориза бар зидди терроризм ва Конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад. Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад.

 

Муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар солҳои охир хеле зиддиятнок ва муқовиматомез гардидаанд, хосияти бераҳмонаи бараҳнагиро ба худ гирифтааст. Ҷараёнҳо ва нерӯҳои сиёсӣ беш аз беш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор месозанд. Дар ин қатор ҷараёни экстремизми сиёсӣ яке аз масъалаи муҳимест, ки тамоми кишварҳои дунё ва дар қатори онҳо мамлакати моро ҳам ба ташвиш овардааст. Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст  ва аз ин рӯ, зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи онро бояд омӯхт.

Қобилзода С