Хиёнат ба Ватан нобахшиданист!

Чоп

 

 

ҲНИТ агар дар аввали  фаъолияташ диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш на он қадар ҷалб карда бошад, пас роҳбарияти он бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурданд.

Барои ҲНИТ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чи вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, пирони рўзгордида, модарони даст ба дуо, ҷавонон, омўзгорону шогирдон – мо ҳама шукрона аз ин рўзҳо, аз ин зиндагонии хушу хуррам дорем. Ҳама бо кореву ҳунаре андармон дар фазои сулҳу амонӣ умр ба сар бурда истодаем. Барои мо аз ҳама муҳим ин сулҳу амонӣ аст, ки мо онро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

Лекин дар ин даврони сулҳу субот, созандагию бунёдкорӣ моро як чиз ба ҳайрат меорад, ки як тоифа зархаридони беватан, ки дар Ватани азизи мо бародарро бо бародар низоъ андохтанд, дар хориҷӣ кишвар зери тозиёнаи хоҷагони худ давлати ободу зебои Тоҷикистонро зери танқид мегиранд ва як гуруҳи инсонҳои беватанмондаи ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ таҳти роҳбарии М.Кабирӣ мебошанд, ки онҳо мехоҳанд, бо ҳар роҳу восита, истифода аз расонаҳо дар олам номи кишвари моро доғдор намоянд.     Акнун, ки беватан мондаанд, хору залил, дастнигари хоҷагони худ гардида, ҳоло ҳам бо сиёҳ намудани номи Ватани азизи мо машғул ҳастанд. Имрўз касе онҳоро гўш нахоҳад кард.

Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, 29 сентябри соли 2015  ҲНИТ, ҳамчун ҳизби террористӣ эълон карда шуд ва фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди кишвари Тоҷикистон манъ карда шуд. Аммо то ба ҳол қисме аз аъзоён ва тарафдорони ин ташкилоти террористӣ дар хориҷ, ҳар куҷое, бо супориши ҳар касе, сарсону саргардон гашта, ҳар гуна суханҳои бофтаю дуруғро паҳн карда истодаанд.

Имрўзҳо мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша терроризму экстремизмро қотеона маҳкум намуда, барои боз ҳам  ободу зебо гардонидани Ватани маҳбуби  хеш камари ҳиммат бандем, чи хеле, ки дар урфият мегўянд:

Ҷанг ҳар ҷанге, ки бошад, ҳақкуш асту ноҳақ аст,                                      Ҷангҷў ҳар кас, ки бошад, ноҳақ асту ахмақ аст.

Мирабиев Толиб                      муовини директор оид ба тарбия дар МТМУ №6 ба номи К.Ғозиев деҳаи Чашмасор