Ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои.
Дар баробари таргиби гояҳои ифротгаро миёни насли ҷавон тарзу усули либоспушии онхо низ иваз шуд. Ҷойи либосҳои миллии мо, ки ислом аз давраи пайдоишаш нисбати истифодаи онхо ягон эътироз надошт, пушидани либосҳои туркию араби аз ҷониби ҷавонони ноогоҳ ва бехабар аз асли сиёсату дин шуд. Ҳамчунин гузоштани муйи сари дарозу риши дароз миёни бархе аз ҷавонписарони мо роҷе гардида, хамчун воситаи таблиги исломи тундгаро аз ҷониби ташкилотҳои террористию экстремистии манфиатхох айёрона истифода мешуд.Миёни тундгароёни исломи акидае зери унвони «мусалмон бародари мусалмон» шиори ҳамешаги шуд, ки бешак арзишҳои фарҳангии миллати моро, ки аз умки таърих об мехурд, ба якбораги нияти бархам задан дошт. Яъне дар доираи афкори «Миллати ман мусалмон» ва дар заминаи ин шиор бунёди давлати исломии яккатоз дар кишвархои мусалмоннишини Осиёи Миёна максаду хадафи тундгароёни исломи ягона рохи ба сиёсат даст ёфтани гуруххои дахшатафкан махсуб меёфт. Онхо боре андеша намекарданд, ки барои давлат будан арзишхои фарханги ба маротиб аз арзишхои дини афзалият доранд. Гарчанде ки фарханги исломи як чузъи мукаддаси фарханги миллату мардуми мо гардидааст, вале ташаккул ёфтани афкори ифротгароии бунёди давлати исломи миёни ташкилотҳои экстремистию террористи барои забунсозии асосҳои сохтори конститутсиони ҳамчун роҳи афзалиятнок ва дастаки таблиги сиёсати манфиатҳохонаи гуруҳи боқи мемонад.
Қаюмов А