Ризқи мо бо пои меҳмон мерасад аз пои ғайб,
Мизбони мост, ҳар кас мешавад меҳмони мо.
Аз ин рӯ мо ҷавононро месазад, ки ҳисси ватандӯстӣ, фарҳанги меҳмоннавозӣ ва одобу расми инсонгароии тоҷиконаро ҷорӣ созем. Ва дар байни ҷавонону наврасон корҳои фаҳмонидадиҳи ва сӯҳбатҳои тарбиявию судмандро бештар ба роҳмонем. Ин фоҷеа барои давлати Тоҷикистон дар ҳолате, ки сарвари давлатамон соли 2018-ро соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда буданд, хеле аламовар аст. Ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурнии Тоҷикистон ба ин амали хиёнаткоронаи зархаридони хориҷӣ лаънат мехонам. Ин амали нохалафонаро, ки ба чунин ҷинояти нанговар даст заданд, танҳо ба хотири вайрон кардани ороми ва сулҳу суботи кишварамон меҳисобам. Худ медонем, ки давлати Истиқлолиятро ба осони ба даст наовардааст. Мо мардуми тоҷик бо хуни дил ба Истиқлолият муваффақ гардидаем. Тӯли чандин солҳост, ки мо тоҷикон дар фазои орому осуда зиндагӣ дорем. Бо талошҳои Пешвои миллат мо тоҷикону Тоҷикистониёнро ҷаҳониён ҳамчун давлати офтобрӯя ва биҳиштосо, халқашро меҳмоннавозу сулҳҷӯ шинохта буданд. Ин рафтори нохалафон дили мо тоҷиконро реш-реш мегардонад. Мо бояд сокинони кишвар ҳушёрии худро аз даст надода, ба овозаҳо ва буҳтонҳои беасос дода нашавем. Сулҳу субот ва оромии кишварамонро, ки ба осонӣ ба даст наовардем, чун гавҳараки чашм бояд нигоҳдорем.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи
дастгоҳи Раиси ноҳия Шаҳристон Муҳиддинов Б.