«Паймони миллӣ» доми фиреби ТТЭ ХНИ аст!

Чоп

Созмондиҳандагони иттиҳоди мазкур мехоҳанд бо ин иқдоми фиребанда усули нави авомфиребонаи худро роҳандозӣ кунанд. Онҳо зӯр зада, бо ҳазор дурӯғу фитна ҳукуматро айбдор мекунанд ва даъвои сулҳу субот доранд, вале чӣ гуна сулҳ? Бо кӣ? Оё дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ нест? Балки ин муддао бо пиёда кардани нақшаву ниятҳои зишташон суботи ҷомеаро ноором кардан мехоҳанд. Кору амали онҳо тибқи дастуру роҳнамоии душманони хориҷии миллат ба роҳмонда шудааст ва инро халқи кишвар ба хубӣ медонад. Симои манфури роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби  наҳзати ислом, ба сари миллати тоҷик бадбахтиҳои зиёд овардани он ва мазҳабфурӯшии аъзояш аз чашми мардум пинҳон намондааст. Ин ҳизби ба ном исломӣ аз рӯзи ташкил гардиданаш то ҳол ба халқу Ватани мо заррае фоида наовардааст, балки зарару зиён оварда, худро дар таърихи миллати мо ҳамчун ватанфурӯш нишон додааст. Иғвоангезии навбатии онҳо бори дигар ин маъниро таъкид мекунад. Пешрафту ободии имрӯзаи Тоҷикистон, рушди босуръати иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари азизи мо дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ боиси қаноатмандӣ ва сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Ҳамватанони худогоҳи мо ҳаргиз фирефтаи даъвоҳои пуч ва суханони фиребандаи се-чор ҷоҳталаб намегарданд. Ин дасисабозон, ки аз фармоишоти хоҷагони хориҷии худ як қадам берун намемонанд, асло дар пайи ободии Ватан набуданд ва нестанд. Мову шумо, ки на як бору  ду бор шоҳиди фитнакориҳои ин гуна ашхос ва пуштибонҳои бадасли онҳо гардидаем, оқибатҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро аз ёд набурдаем ва ҳеҷ гоҳиҷозат намедиҳем, ки онҳо иттиҳоду истиқлоли моро барҳам зананд.

 

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи Раиси ноҳия Шаҳристон                         Муҳиддинов Б.