Ҳамзамон қайд кардан бамаврид аст, ки суханони Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки оид ба диндории мардуми тоҷик гуфтааст, асос надорад. Зеро дар Тоҷикистон ҳуқуқ ба интихоби дин озодона буда, ҳар як шаҳрванди мусалмон метавонад намоз хонад ва адои сафари ҳаҷ намояд. Дари масҷидҳо ба рўи ҳамагон боз буда, дар масҷидҳо имомхатибоне фаъолият мебаранд, ки пурра аз аркони динӣ бохабаранд ва дониши кофии динӣ доранд. Мардум метавонанд озодона дар масҷид намоз хонанду дуою фотиҳа гўянд.
Дар Тоҷикистон 90 фисади мардум мусалмон мебошанд ва ин далели он аст, ки дар Тоҷикистон ба ҳамагон интихоби дин озод аст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар ягон давру замон мардумро аз пайравӣ ба ислом бар нагардонидааст. Мақсади асосии ҳукумат танҳо тинҷиву оромиши мардум буда, бар зидди нафароне мубориза мебаранд, ки дини исломро чодар намуда, амалҳои разилонаи худро аз номи мусалмонон амалӣ менамоянд.
Умаров Азамат /________/ омўзгори фанни Забон ва адабиёти МТМУ №6 ба номи К.Ғозиев деҳаи Чашмасор