Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад

Чоп

 

 

Имрўз мардуми худшиносу худогоҳӣ Тоҷикистон дар фазои сулҳу суботи кишвар кору пайкор доранд ва шукронаи оромию осудагии кишвари азиз менамоянд.

Ҳастанд афроди нохалафе, ки ин оромию ободиро нодида гирифта, ба сари мардуми кишвар суханҳои пучу беманиро бор мекунанд, ба мисли Сайидюнуси Истаравшанӣ ки бо мақолаи беасос «Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад?» аст.

Ба фикри ин гуна шахсони худношиносу худоношинос гўё дар Тоҷикистон озодии виҷдон вуҷуд надорад. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз давлатҳоест, ки шумораи зиёди масҷидҳоро дорост, дорои Донишгоҳи Исломӣ, дар ҳар шаҳру ноҳияҳо ва деҳотҳои он масҷидҳои 5 вақта амал менамоянд ва мардум ба таври ихтиёрӣ ба масҷидҳо ширкат меварзанд, онҳо инро нодида гирифта, дар зери ниқоби дини поктарини ҷаҳон Ислом мехоҳанд ватани зебои мо Тоҷикистонро ба вартаи ҳалокат бикашанд.

Мирабиев Толиб _______ ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия дар МТМУ №6 деҳаи Чашмасор