ВАХДАТИ МИЛЛЙ ПОЯИ СУЛХ АСТ

Чоп

 

 

Вахдат бошад ба хам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, хамдигарфахму покзинату миллатдуст будан.

Вахдат — бехтарин неъмат, хаёти инсон, орзуву армон, тахкими давлат, начоти миллат, рушди точикон, нумуи даврон, хастии инсон дар хар замину замон аст. Вахдат ва сулхи умумибашарии Точикистон чонибдории мамлакатхои хамзамони берунмарзй мавкеу макоми онро дар миқёси чахон овозадор менамояд. Имруз иттифок ва хамдилии халки точик мавриди омузиши Созмони Миллали Муттахид ва бисер ташкилотхои олам гардидаасг. Худшиносй ва худогохии миллй гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танхо бо рохи вахдат, якдигарфахмй истиқлоли кишварро мухофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танхо дар сурати вахдат душворихо ва монеахо паси сар мешаванд, рузгори мардум ру ба бехбудй меорад, кишвари азизамон ба шохрохи пешрафту тараккиёт ру меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалй Рахмон «Хар касе, ки нихоле сабзонда бошад, медонад. дарахт соле як маротиба хосил медихад. Аммо нихоле низ хаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, чомеаи мо аз он бахравар гардид, мо харгиз рох, намедихем, ки дигар теша ба решай он расад».

Он дарахте, ки Президентамон ба сулху вахдат ташбех додаанд, имрузхо мевахои ширину бисере ба самар оварда истодааст, ки бо онхо мо, точикон фахр месозем. Муносибати нави давлатй, сиёсати сохибистиклол гардидани Точикистон, сохтмони роххои нави дохилию берунй ва ба хоричи кишвар баромадани точиконро ба миён гузошт. Рохи охани Кургонтеппа — Кулоб сохтмони шохрохи Вахдат ба мамлакатхои Осиё, ба суй уқёнуси чахон, роххои калонтарини хушкигард расонид. Ин ахвол боиси эхёи арзишхои миллии рохи бузурги Абрешим «гардид, ки Бохтару Сугдро бо калонтарин давлатхои чахон мепайвандед.

Хақиқатан Вахдати миллй шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате. ки сулху амонй ва дустй хукмфармосг, он давлат руз то руз гул-гул мешукуфад, иктисодиёташ тадричан меафзояд, хам аз чихати сиёсй ва хам аз чихати фархангй пеш меравад.

Махз бо кушишхои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалй Рахмон миллатипарешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имруз дар чехраи хар фарзанди точик нишоту хурсандист, вахдату сулх падидор аст.

Хулоса. чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулху вахдати кишвари азизам имруз меболам ва бо ифтихор метавонам гуям.