РОҲҲОИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ

Чоп

 

 

Дар замони мо баъзе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсолро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳаматарафа корбарӣ намуда, ба онҳо роҳи дурусти зиндагиро нишон диҳанд. Ба онҳо исбот намоем, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.

Созмону гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз ин гуна корҳои нохалафона байни ҷавонон иғвои мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда, онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд. Онҳо бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ва беасос “ба даст овардани савоби бисёр”, “шаҳиди мутлақ гаштан” ва “дар биҳишт ҷойи аз ҳама волотаринро соҳиб шудан” ҷавононро ба ҳар гуна роҳҳои барғалат мебаранд, онҳоро аз меҳри падару модар ва Ватани азизи худ дур карда, вазъи ҷомеаро ноором мегардонанд.

Мудири бахши иттилоот ва таблиғоти

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон                  Муллоева Матлуба