ТОҶИКИСТОНИ СУЛҲПАРВАР

Чоп


 

Таърих  гувоҳ  аст,ки  миллати  тоҷик  дар  арсаи  ҷаҳон бо  сулҳофарии  худ  шӯҳратёр  гардид.Маҳз  бо кӯшишу  эҳтимоми Асосгузори сулҳу  Ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар  сарзамини мо  сулҳу  ваҳдат пойдор  гардид.

Эмомалӣ Раҳмон  меъмори   ваҳдат, сулҳ  ва  зиндагии  осудаҳолона гардид. Президенти  ҷавон  гурезаҳоро  ба  Ватан  ба  манзилҳояшон  баргардонд,  зиндагияшонро  обод  гардонд, ватан ва  халқи тоҷикро

аз  фитнаю  хунрезиҳо  наҷот  бахшид, миллати  тоҷикро аз  хоби  ғафлат  бедор  карда  ба  роҳи  рост  ҳидоят  кард .Ду  гурӯҳи  мухолифро  тавонист  дар  муддати  кӯтоҳ  ошти  диҳад. Ду  тан,ки бо

ҳам  омад,  ғазаб  аз  байн  рафту  миёни  онҳо  дарахти  сулҳ  реша  ронд.

Аз  ин рӯ  барои  миллати  тоҷик  санаи  27-уми июн  санаи  муқаддас  -Рӯзи  Ваҳдати  миллӣ  аст.

Зеро  агар  сулҳу  амонӣ  бошад, он  гоҳ  шукуфоии  дарахтон, болафшонии  кабӯтарон,  тулӯи  офтоби  зарринбол  нигоҳи  гарми

модарону  хандаи  беғаши  кӯдакон ба  назари  кас  таровиши  зебое  падо  мекунанд. Албатта  мо имрӯз  шукр  аз  он мекунем,ки дар ватани  соҳибистиқлол, ободу  озод,тинҷу  осудаву ором  умр ба сар бурда истодаем, бояд ба қадри  ин ҳама осоиштагӣ  расему  миннатдор  аз Тоҷикистони сулҳпарвар  бошем.

Мудири шуъбаи омор ва маҳзани ягонаи

электронии аъзои Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар  ноҳияи Шаҳристон

Бобокалонова Маҳфуза