Терроризм ва ифродгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият, буда оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Ифродгароӣ ба тартиботи ҷамъият хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.Бесабаб нест, ки имрўз терроризм ва гурўҳу ҳаракатҳои ифротӣ ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст. Аз ин рў ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ҳар як сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст ва дар мутамаддитарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи курраи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.
Ин маънои онро дорад, ки дар замони муосир, бидуни пешрафти илму техника, рушду инкишофи бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқ ва омўзишу олами нопайдоканори коинот, масъалаи терроризм ва ифродгароӣ ҳанўз хатарҳо ташвишовар ва даҳшатафкан боқӣ мемонанд.
Қобилзода С