Терроризм ва экстремизм

Чоп

 

 

Асри XXI бо фазои гуногун, махсусан воқеоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи  асрҳои гузашта фарқ мекунад. Гарчанде падидаҳои  ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи  навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кард. Терроризм низ падидаи нав нест. Нишонаҳои он дар давраҳои пеш мавҷуд  буд, аммо дар замони муосир он тарзу усули хосаи худро пайдо кардааст. Терроризм борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардаасту ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳоро мутамарказ кардааст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо сусту заиф намешавад, балки рўз  аз рўз рушд намуда, ҷонибдорони  зиёде пайдо мекунад.  Дар раванди глобализатсия он масъалаҳое, ки ташвиши танҳо як давлат буданд ва қариб таъсире ба давлатҳои дигар надоштанд, хосияти умумидавлатӣ пайдо мекунанд ё бо ибораи дигар, он масъала боиси ташвиши ҷаҳониён  мегардад. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба давлатҳои олам, монанд ба маризие дар як узви инсон аст, ки кулли аъзоро мутаваҷҷеҳи худ месозад.

Муаллиф

Барномасози сомонаи Ҷамоати деҳоти Бунҷикат

Исоева С.