Ин бошад, ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад. Ҷавононе, ки на саводи динияшон мукаммал асту на дунявиашон, доимо гирифтори марги ноҳақ мегарданд. Онҳо ба ваъдаҳои бардурӯғ одамон ба ҷангҳои худкуш мераванд ва ҷони худро ба хатар мегузоранд. Ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонанд, ки худкушӣ кардан ва ё хиёнат ба Модар-Ватан намудан дар дини мубини Ислом гуноҳи азимест, ки нобахшиданӣ. Вазъи имрӯза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили ин қувваи ифротӣ ба миён меорад. Моҳиятан, чунин гурӯҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣ доранд. Амалҳои ин қувва барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла, Тоҷикистон наметавонанд, бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол, хусусан, мо ҷавонон, дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошем. Имрӯз фурсате фаро расидааст, ки ҳамаи мо, сиёсати хирадмандонаи Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, барои ҳимояи Ватани худ аз таъсири манфии чунин амалҳои террористию экстремистӣ омода бошем.
Соқиева Ҷ