Мутобиқи маълумоти бадастомадаи коршиносону ҷомеашиносон ва таҳлилиу мушоҳидаҳо, омилҳои зерин ба густариши ифротгароӣ ва тундгароиро дар Тоҷикистон ба таври мустақим таъсир мерасонанд. Омода набудани ҷавонон аз нигоҳи мафкуриву сиёсӣ, инчунин ба ифодаи дигар маълумоти комил надоштани онҳо аз мазмуну моҳият ва таълимоти ахлоқию фикрии дини мубини ислом мебошанд. Ба таври дигар кӯтоҳандешӣ ва гумроҳии қисме аз шаҳрвандони моро ҳатто ба минтақаҳое бурдааст, ки ҷангзадаву ноором асту баъзе аз онҳо дар амалиётҳои зиддиинсонӣ ширкат меварзанд ва хуни ноҳақ мерезанд.
Абдуқаҳоров Э