Терроризм ва экстремизм

Чоп

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа,  балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунад. Яке аз чунин зуҳурот номатлуб,хатари минтақавию байналмилалиро ба бор,дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад,терроризм ва экстремизм мебошад,ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷди ин аср нестанд,вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта,моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда,бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол,дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида,ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шудаанд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра,алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷҳилу нотавонбин истифода мегардад. Қайд кардан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғаспи ҳокимият ва азони худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

 

Омӯзгори МТМУ №13                             Қодиров Ҷ.