Ҳодисаи террористие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида буд, ҳисси нафратро бар дили мардуми сайёра нисбат ба ашхоси ба гирдоби ин вабои аср афтода бедор кард: «Дар Сурия кӯдаки сесола дар зери моддаҳои тарканда монд. Ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд. Кӯдак дар дами марг аз пизишкон бо суханони наҷотталабона муроҷиат кард: «Маро аз марг наҷот диҳед, ман ҳам зиндагӣ кардан мехоҳам», чун илоҷи дардаш пайдо нашуд, кӯдак умедро канда гуфт:- “Дар бораи амалҳои шумо ба Худованд, албатта, хабар хоҳам дод!” Чунин амалҳои нангини террористӣ зиёданд, ки ҷомеаи ҷаҳониро бетараф намегузоранд.
Омӯзгори МТМУ №13: Қодирова М