Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун эҷодкорони қонуни тамаддуни қадими Шарқ арзи ҳастӣ намудаанд, ба шарофати эътиқоди воло, фаъолияти меҳнатӣ ва эҷодии хеш Ватанро ободу пешрав гардонидаанд ва дар таъриху фарҳанги башарият саҳми арзишманд ворид намудаанд. Мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти Ватан мисли меҳнати бунёдкорӣ ва созандагӣ қисми таркибии таърихи тӯлонӣ ва пуршарафи халқи тоҷик аст ва ҳамчун таҷриба, сабақ ва арзиши маънавӣ аҳамияти бузурги тарбиявӣ дорад.
Дар Мовароуннаҳр, Хуросон ва Ироқи Аҷам дар арафаи зуҳури ҳуҷуми муғулон чун ҳамеша сокинони ин сарзамини бузург, ғолибан тоҷикон буданд. Шаҳри Хуҷанд монанди дигар шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон дар давраи ҳуҷуми муғулҳо ба ҳоли худ гузошта шуда буд.
Чингизхон дар соли 1219 тайёрии дуруст дида,ғайр аз он қисмҳои аскарӣ, ки дар сарҳади Хитой ва маркази Муғулистон гузошта буд, бақияи тамоми лашкариёни худро бо худ гирифта барои забткорӣ ба Мовароуннаҳр, Хоразм ва Хуросон лашкар кашид.
Чингизхон ба Ӯтрор, ки шаҳри сарҳадии мамлакати султон Муҳаммад буд, расида ду писари худ-Ӯқтой ва Чиғатойро ба муҳосираи Ӯтрор амр намуд. Ӯ Улоқ-нӯён ва Мангу-буқоро бо 70 ҳазор нафар қӯшун, асирони ҷамъшударо ба гурӯҳҳои даҳнафара ва саднафара тақсим намуда, ба сари ҳар даҳа ва садаи асирони тоҷик як нафар муғулро таъин намуд.
Таърихи муқобилияти сокинони Хуҷанд бо роҳбарии Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик дар охири соли 1219-аввали соли 1220 корнамоиҳои бузурги ниёгон дар замони ҳамлаи муғулон мебошад. Барои ҳимояи шаҳр Темурмалик дар миёни дарёи Сир қалъае сохт. Вай дар ҷое воқеъ гардида буд, ки тирҳои душман аз соҳил ба он ҷо рафта намерасид. Ӯ даруни Қалъаро бо озуқа ва аслиҳа пур кард. Хубтарин аслиҳаи ҷангии он замон шамшер, ханҷар, найза, табарзин ва камону тир буд.Темурмалик бо ҳамроҳии устоҳои дуредгари Хуҷанд 12 киштии бодбонӣ сохт. Он киштиҳо сарпӯшида сохта шуда, бар болои бом ва девори онҳо чанд қабат намад кашида, нарм карда шуда буд.
Дар атрофи киштиҳо як қатор даричаҳои сипардор гузошта шуданд, ки киштинишинон аз он ҷо ба душман тир меандохтанд.
Вақте, ки Улоқ-нӯён ба канори оби Хуҷанд- дарёи Сир расида барои худ гузаргоҳ меҷуст, он шаш киштӣ ба канор наздик омада, душманро дар зери тирборон гирифтанд. Муғулон, ки дар тирандозӣ машҳури ҷаҳон шуда буданд, бо як ғазаби ваҳшиёна киштиҳоро дар зери борони тир гирифтанд. Аммо тирҳои муғулон ба киштинишинон, ки пеши даричаҳои сипардор нишаста тир меандохтанд, ҳеҷ зарар расонида наметавонистанд.
Лашкарони Темурмалик шабона ва субҳидам бо чунин киштиҳо ба соҳил наздик шуда, ба истилогарон ҳамла меоварданд. Лекин вақте, ки захираи хӯрокворӣ ба охир расид, Темурмалик маҷбур гардид ҷазираро тарк карда, аскарони зиндамондаи худро халос кунад. Ин буд, ки ӯ сарбозонашро ба киштиҳо савор карда, шабонгоҳ ба кӯмаки рӯшноии машъалҳо бо маҷрои дарё ҳаракат намуд. Истилокорони муғул аз паси киштиҳои Темурмалик метохтанд ва онҳоро тирборон мекарданд.
Бар тибқи ривояте, дастаи аскарони муғул аз онҳо пеш гузашта, аз як тараф ба тарафи дигари дарё занҷир кашиданд. Аммо Темурмалик ва сарбозони ӯ ин занҷирро бо табарзини худ пора намуда, барои убури киштиҳои худ роҳ кушоданд. Муғулҳо киштиҳои манҷаниқдорро ба якдигар васл карда, пули мутаҳаррике ба вуҷуд оварда, ба ин тариқа, роҳи киштиҳоро бастанд. Ба диловарони Хуҷанд лозим омад, ки аз кишти пиёда шуда, бо душман ба ҷанг дароянд. Дар ин ҷанги ду қувваи нобаробар тақрибан ҳамаи сарбозони Темурмалик ҳалок гардиданд.
Фақат худи Темурмалик муваффақ шуд, ки бо як дастаи хурде аз марг раҳоӣ ёфта, худро ба Хоразм бирасонад. Дар он ҷо бақияи қӯшуни торуморшудаи Хоразмшоҳ ҷамъ омада буд.
Темурмалик дар Хоразм тамоми мардони ҷангиро муттаҳид намуда, дубора бар зидди истилогарони муғул амалиёти ҳарбиро оғоз намуд. Вай ба душман якчанд зарбаи сахт зада, шаҳри Ёникентро, ки яке аз калонтарин шаҳрҳои поёноби дарёи Сир буд,забт намуд. Лекин аз он ҷо, ки дар байни Темурмалик ва дигар сарлашкарони Хоразмшоҳ ваҳдат ва муносибати хуб мавҷуд набуд, ӯ ин муваффақиятҳои ҳарбии худро вусъат дода натавониста маҷбур шуд ба Хоразм баргардад.
Писари Муҳаммади Хоразмшоҳ султон Ҷалолиддин ҳам ба муқобили қӯшуни Чингизхон муқовимати ҷиддӣ намуда, бо ҳамроҳии Темурмалик ба истилогарони муғул чандин зарбаи шадид расонид. Вале саранҷом худи ӯ низ дар муҳорибаи наздикии дарёи Ҳинд шикаст хӯрда, аз саҳнаи мубориза берун рафт. Темурмалик дар охири умр ба ватанаш баргашта, бо муғулҳо муборизаи тан ба тан мебарад. Дар минтақаи доманакӯҳӣ ӯро муғулҳо дастгир намуда, ба қатл мерасонанд. Мувофиқи баъзе маълумотҳои хаттӣ ҷасади Темурмалик дар ҳудуди Консой ё дар Хистеварз дафн карда шудааст.
Ташкили мудофиаи шаҳрҳо ҳангоми ҳуҷуми чингизиён хеле бад буд. Фақат оммаи халқ шаҳру деҳаҳои худро фидокорона мудофиа мекарданд, дар ҳоле, ки аъёну ашроф, амалдорон ва табақаи олии рӯҳониёни ислом барои ҳифзи ҳаёт, молу мулк ва ҷоҳу ҷалоли худ бо душман созиш менамуданд. Ин буд, ки муғулҳо бо қувваи камтар аз қувваи лашкари Хоразмшоҳ ба ғалабаҳои пай дар пай ноил мегардиданд.
Дар лавҳаи ба ҳамин давра бахшида шудаи осорхона яроқу аслиҳаҳо: шашпар, табарзин, сару либоси ҷанговарон, мусаввараи муборизаи халқҳои Осиёи Миёна бар зидди муғулон ва харитаи забткориҳои Чингизхон ба маърази тамошобинон гузошта шудааст. Инчунин муҷассамаи Темурмалик, ки аз тарафи ҳайкалтароши боистеъдод Давронҷон Раҳматов - дорандаи Ҷоизаи вилоятии ба номи К.Хуҷандӣ сохта шудааст, ба осорхона ҳашамати дигаре зам мекунад.
Бахшида ба ин мавзӯъ диарамаи «Муҳорибаи Темурмалик бар зидди муғулон» аз ҷониби рассом Ҷаборов Абдураҳим - Ҷоизадори намоишҳои байналхалқӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст. Дар он ихтирокории Темурмалик, Қалъа ва киштии ҷангии ӯ сохта ба намоиш гузошта шудааст.