МАОРИФ ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТ ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

Чоп

 

 

Дар ҳама давру замон фаромӯш набояд кард, ки устувории ҳаёти маънавии ҷомеа, ваҳдату ягонаги миллат аз дилгармии коркунони соҳаи илму техника, маорифу маданият ҳифзи шаъну шарафи онҳо ва аз идеологияи пешрафта ва ягонаи он вобаста аст.

Ин аст, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф яке аз афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар шароити имрӯзаи рушди иқтисодиётӣ ба донишӣ асосёфта маориф яке аз омилҳои мувафаққияти иқтисодии давлат мегардад. Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбияи талибилмону донишҷӯён, хулоса аз сатҳи саводнокии миллат вобаста аст.

Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.

Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон бо ин, дар 31 соли Истиқлолияти давлатӣ 3430 муасиссаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.

Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд.

Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод.

Нақши муҳимми маориф дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистони имрӯза дарки онро муайян месозад, ки ояндаи кишвар аз он вобаста аст, ки низоми миллии маориф ба кадом андоза барои бунёди иқтидори зеҳнӣ ҳамчун асоси рушди қобилияти аксарияти шаҳрвандон ва таъмини зиндагии шоистаи онҳо қодир аст...

Пояи давлат набошад бе маориф устувор,

Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.

 

 

Омӯзгори МТМУ№8:                  Шукуралиева И