МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА

Чоп

 

 

Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноятӣ, технологӣ, биологӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки аз ҳама бештар терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст.

Ҳамаи мо гувоҳи он шуда истодаем, ки терроризм аз дини поки Ислом сўйистифода намуда, даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл, аз мазмун ва моҳияти ин дини пок бехабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам, онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.

Борҳо дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати мубориза бар зидди терроризму экстремизм таъкид шудааст, ки бояд дастури амали ҳар фарди солимфикри ҷомеа бошад. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси олии кишвар гуфта шуд: «Терроризм ва экстремизм имрўз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон гардидааст».

Сулҳи мо нодиртарин ва қиматтарин неъмат буда, моро мебояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як геребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ мутташакилона мубориза барем.

З. Ғоибова