Чи хеле, ки медонем, имрӯз дар якқатор давлҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёнгаштааст. Дар бани аҳолӣ гуруснагӣ, бекорчигӣ ва дигар проблемаҳои иҷтимоӣ зиёд шуда истодааст. Аз ин рӯ дар ҷомеа терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳар вақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои дахшатноку бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст. Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол карда зери по мекунад, нисбати онҳо бераҳмона рафторҳои худро анҷом медиҳад.
Ҳамин тавр, омӯзиш ва таҳлили ҷинояти терроризм дар ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб душвор ва тӯлони мебошад, мо бар зиддӣ он бояд якҷоя мубориза барем. Ба ҳилаю найранги он хоинон роҳгумзадагон бовар накунем. Онҳо хонасӯзон ва хоинони миллату ватан буда ҳаёти ҷавононро зери хатар қарор медиҳанд. Зи ин рӯ, мо набояд фирефтаи гуфторҳои онҳо набошем.
Ғоибова З.