Мубориза бар зидди хоинони Ватан

Чоп

Чи хеле, ки мову Шумо гувоҳи он ҳастем, ки яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳонӣ ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб рафта, ҷаҳони имрўза зери хатари он қарор дорад. Баъзе  гурўҳҳои бадахлоқи ҷомеа дар шабакаҳои интернети гапҳои бардурўғи худро нисбати давлату миллати тоҷик паҳн карда истодаанд, зеро онҳо якбор фикр намекунанд, ки дар Тоҷикистон таваллуд шудаву бо нону намакиТоҷикистон ба воя расидаанд. Онҳо на фикри ватану на фикри ҷомеаро доранд. Худро ҳамчун мухбир муаррифи намуда, нисбати ҷавонон ва нисбати коркунони давлат суханҳои бад гуфта истодаанд, ба онҳо саволҳои разилонаи худро дода, лекин фикр намекунанд, ки оё худаш кисту чӣ касб дорад? Худ хоини миллат буда, Ватан надорад касбаш ватанфурўши мебошад.

Ин хоинони Ватан чунин суханҳои бардурўғ паҳн карда, мақсадашон аҳли ҷомеа ва ҷавононро гумроҳ кардан мебошад. Онҳо имрўз ба Ватани моя гон зарар расонида наметавонанд. Мо ҷавонони бо нангу номус ва аҳли ҷомеаи дурандеш дорем. Ин хоинони миллат ба таври пинҳони баромад намуда, бар ивази пули ночиз Ватану миллат, зодгоҳи худро фурўхтааст. Мо чунин гуфтанием, ки шумо кўрнамакон, хоинони миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба мақсади разилонаи худ намерасед.

Сардори  Амонатбонк                               Худоёрзода Акмал