Таҷлили 30 – солагии Рӯзи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне, таҷлил мегардад, ки дар ноҳияи Шаҳристон корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 33 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад.
Вобаста ба ин, бо камоли эҳтиром мехоҳам Шумо – кормандони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристонро, ки дар роҳи таъмини бехатарии аҳолӣ аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ саҳми арзанда мегузоред, бо 30-солагии иди касбиатон – Рӯзи таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ табрику таҳният гуфта, ба Шумо тани сиҳат, рӯзгори хуш, хонаи обод ва дар иҷрои вазифаи пурмасъулиятатон мувафаққиятҳо орзу менамоям.
Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристон дар баробари дигар сохторҳои ноҳия дар таъмини бехатарии аҳолӣ саҳми назаррас дорад.
Беҳтарин рисолати инсонӣ наҷоти инсон ва молу амволи ӯ аз талафёбӣ мебошад, ки ин кор маҳз ба зиммаи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон возузор гардидааст.
Ман ба ақлу заковат, донишу маҳорат, поквиҷдонӣ ватандӯстиву меҳанпарастии ҳар кадоми Шумо бовар дорам ва мутмаинам, ки минбаъд низ аз иҷрои вазифа ва супоришҳое, ки давлату Ҳукумат дар назди Шумо гузоштааст, сарбаландона мебароед.
Иҷозат фармоед бори дигар, ҳамаи Шумоёнро бо иди касбиатон табрик гуфта, дар адои вазифаи пуршарафу пурмасъулиятатон дар назди халқу Ватан мувафаққиятҳои беназир орзу менамоям.
Иди касбӣ муборак!