ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Чоп

 

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
26.09.2024 сол
Имрӯз мутобиқи нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, дар шаҳри Панҷакент ҷаласаи сайёри Шӯро баргузор шуд.
Дар ҷаласаи Шӯро, ки дар раъси мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, Баҳодур Акрамзода раиси ноҳияи Шаҳристон, ректорони як қатор донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳуриявӣ, кормандони масъули дастгоҳи раиси вилояти Суғд, аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятии шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон, кормандони соҳаи маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳо доир гардид, мавзӯъи “Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун таҳдиди воқеӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” матраҳ карда шуд.
Дар бораи паҳлуҳои гуногуни ин масъала мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, раиси Комиссияи атестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Давлатзода ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода, ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Аҳлиддин Ибодуллозода, муовини раиси шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ва дигарон ибрози назар намуданд.
Зимни ироаи гузоришу маърӯзаҳо аз ҷумла қайд шуд, ки ҳоло дар кишвар беш аз 4,2 миллион нафар истифодабарандагони шабакаҳои интернет ба қайд гирифта шудаанд ва технологияи иттилоотиро гурӯҳҳои ифротгарою ҳаросафкан бо мақсади ноором кардани фазои сулҳу суботи дар ҷомеа, мағзшӯӣ намудани наврасону ҷавонони ноогоҳ, барангехтани онҳо ба рағми низоми давлатдорӣ ва арзишҳои давлатию миллии мо низ истифода менамоянд.
Зикр шуд, ки ин хатарро ба амнияти миллӣ бо роҳи баланд бардоштани маърифати аҳли ҷомеа, хоса наврасону ҷавонон, саводи расонаӣ ва иттиллотӣ , бештар намудани таваҷҷӯҳи волидон ва омӯзгорон ба истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби хонандагон, истифодаи имкониятҳои номаҳдуди шабакаҳои интернетӣ барои андӯхтани дониш ва омӯзонидани истифодаи дурусти онҳо ва дигар тадбирҳо амалӣ кардан мумкин аст.