ВОХӮРИИ СОХТОРҲОИ ДАХЛДОРИ НОҲИЯ БАХШИДА БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024 "СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ" БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ ТИНИҚОЙ УСМОНУВАИ ДЕҲАИ САРОБӢ
25.09.2024сол н.Шаҳристон
Дар асоси нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Шаҳристон дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони маҳаллаи Тиниқой Усмонуваи деҳаи Саробӣ, Ҷамоати деҳоти Шаҳристон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Ҳоҷимуродзода Ҷасур муовини Раиси ноҳия, Ҷӯраев Абдулазиз мутахасиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия ва Ӯсаров Бобур муовини раиси Ҷамоати деҳоти Шаҳристон иштирок ва суханрони намуданд.