-ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
01.10.2024сол н.Шаҳристон
Сар шавад аз хона сарҳади Ватан,
Бар дифояш ҳам равад гар ҷону тан,
Аз таҳти дил бояд иҷро кард он.
Қарзи фарзандӣ ба ҳар як мардон.
Хизмат ба ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар мебошад. Боиси ифтихор ва хурсандиест, ки солҳои охир теъдои ҷавонони содиқ меҳанпарвар хеле афзуда истодааст. Ҷавонони ноҳиямон низ ҳамчун ватандори асил ба хуби эҳсос намуданд, ки кишварамонро маҳз бояд ҷавонони далеру шуҷоъ ҳимоя намоянд.
Имрӯз дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон сафарбарнамоии шаҳрвандони соли таваллудашон 1997-2006 баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Шаҳристон Баҳодур Акрамзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхона ва ташкилотҳо, даъватшавандагон ва падару модарони даъватшавандагон иштирок намуданд.
Сараввал раиси ноҳия Баҳодур Акрамзода суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки Имрӯз мо бо шукронаи соҳибистиқлолии мамлакатамон дар фазои тинҷиву осудагӣ ҷавонони бонангу номуси ноҳияро, ки бо руҳияи баланди ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватан ба хизмати ҳарбӣ омода мебошанд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамоем.
Ҳар як давлати мустақил дорои Артиши миллӣ мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 дар шароити вазнин таъсис ёфта, имрӯз ба як артиши замонавӣ, мактаби махсуси ҳифзи Ватан ва шуҷоату мардонагӣ табдил ёфтааст.
Дар муддати кӯтоҳ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозӣ ва ҳимояи сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу амният, суботу оромии мардум, дар пойдорӣ ва мустаҳкам гардидани давлати соҳибистиқлоламон саҳми назаррас гузоштааст.
Албатта, хизмат намудан ба Ватан қарзи шаҳрвандӣ ва муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлоли Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар–Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони ноҳияи мо низ бо эҳсоси баланди ватандорӣ дар баробари саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистони азизамон, содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намуда, барои ҳифзи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Дар охири суханронӣ раиси ноҳия ба падару модари наваскарон барои дар руҳияи баланд тарбия намудани чунин фарзандони далеру шуҷоъ миннатдорӣ изҳор намуданд.
Бобоева Мақсад модаркалони яке аз даъватшавандагон суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ рисолати ҳар як ҷавонмард буда, имрӯз шумо бо сари баланд барои ҳимояи марзу буми ватан рафта истодаед ва ман боварии комил дорам, ки ин қарзи ҷавонмардиатонро пурра адо намуда бо сари баланд боз ба назди мо бармегардед.
Дар охир ба якчан нафар фаъолон, волидайни наваскарон ва сарбозони дар хизмати ҳарбӣ буда Ифтихорнома ва тӯҳфаи комиссариати ҳарбии ноҳия супорида шуд.