-Паёми
табрикии раиси ноҳия муҳтарам Баҳодур Акрамзода бахшида ба Рӯзи омӯзгорон.
Омӯзгорони азиз!
Давлату ҳукумат бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. Дар яке аз суханрониҳои хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва давлату Ҳукумат ба муаллим эътимоди комил дорад, зеро инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад ва маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ аз худ кардааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад»
Аз ҳамин нигоҳ вуҷуди устод, муаллим ва омӯзгор, ки машъали илму донишро дар пайкари зиндагӣ фурӯзон менамояд, болотар аз пиндор ва дурахшонтар аз ҷилваи хуршед аст. Шахсияти омӯзгор намунаи баланди одамият ва таҷассуми фазилатҳои писандида эътироф шуда, хоксориаш нишони арҷмандӣ, сарбаландӣ ва забардастии ӯст. Ранҷу машаққат ва заҳмату шабзиндадориҳое, ки омӯзгор барои тарбияи насли шоиста таҳаммул мекунад, сарчашмаи файзбахши зиндагист, ки қалби шогирдонро ҳар лаҳза шодоб месозад.
Касби омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз ӯ ба инсон зиндагӣ кардан, дӯст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ ва шинохти оламу одамро меомӯзад. Омӯзгор дар замири шогирдон тухми некиву накӯкорӣ кошта, эҳсоси баланди шинохти Ватан, Модар, Миллат, нангу номусро бедор ва тақвият мебахшад.
Омӯзгорони арҷманд!
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлоли фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд. Маҳз ба ин хотир, дар дӯши муаллим вазифа ва рисолати хеле бузург ниҳон аст. Фаъолияти устодон ба ояндаи давлату миллат нақши созгор дорад. Инро омӯзгорони соҳибтаҷрибаву ватандӯсти мо ба хубӣ дарк мекунанд.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2022 то 1 июли соли 2024 бори дигар панҷумин бор музди маоши кормандони соҳаи буҷетӣ аз он ҷумла, омӯзгорон 40 фоиз зиёд карда шудааст. Ин ҳам яке аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф мебошад.
Барои беҳтару хубтар ба роҳ гузоштани сифати таълим ва тарбия таъмин намудани шароити мусоиди таҳсил дар соли хониши 2023-2024 дар ноҳия 14 адад синфхонаҳои иловагӣ, 3 адад ошхона ва 1 адад толори варзишӣ ба истифода қарор дода шуда, сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаи «Ҳазратобод»-и деҳаи Чилҳуҷра барои 480 нафар дар ду баст, азнавсозии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳаи Ҳисор барои 240 нафар дар як баст идома дорад. Инчунин, ошхона дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2,№4 ва муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар арафаи истифодабарӣ қарор дорад.
Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд, бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф ба Шумо омӯзгорон пирӯзиву комёбиҳо орзу дорем.
Умедворем, ки Шумо омӯзгорони муҳтарам рисолати хешро минбаъд низ аз сидқи дил ба ҷо оварда, дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпараст саҳми муносиб мегузоред. Дар ин ҷода ба ҳар яки Шумо муваффақият ва барору комёбиҳо таманно дорам.
Иди касбӣ муборак, омӯзгорони арҷманд!