ТАҶЛИЛИ ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

Чоп

-ТАҶЛИЛИ ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

03.10.2024сол                                   н.Шаҳристон

Дар асоси нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон имрӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур бо ҳамроҳии раиси ноҳия муҳтарам Баҳодур Акрамзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, корманди Раёсати маорифи вилояти Суғд Усмонова Фирӯза, муовини раиси ноҳия Ҷонбойзода Дилноза ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Бекмуродзода Илҳом иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст раиси ноҳия Баҳодур Акрамзода кулли омӯзгорони ноҳияро бо иди касбиашон табрик намуда, қайд намуданд, ки касби омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз ӯ ба инсон зиндагӣ кардан, дӯст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ ва шинохти оламу одамро меомӯзад. Омӯзгор дар замири шогирдон тухми некиву накӯкорӣ кошта, эҳсоси баланди шинохти Ватан, Модар, Миллат, нангу номусро бедор ва тақвият мебахшад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлоли фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд. Маҳз ба ин хотир, дар дӯши муаллим вазифа ва рисолати хеле бузург ниҳон аст. Фаъолияти устодон ба ояндаи давлату миллат нақши созгор дорад. Инро омӯзгорони соҳибтаҷрибаву ватандӯсти мо ба хубӣ дарк мекунанд.

Табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар бораи Рӯзи омӯзгорон аз тарафи намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Усмонова Фирӯза ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Пас аз қисми расмии чорабинӣ ба 3 нафар омӯзгорони фаъоли ноҳия дар асоси фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони Аълочии маориф сарфароз гардонида шуд.

Инчунин,  80 нафар омӯзгорони фаъол бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд, Ифтихорномаи иттифоқи касаба, Сипоснома ва тӯҳфаи Раиси ноҳия қадрдони гардиданд.

.

Навгонихо ( 03.10.2024 15:27 )