ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯ

Чоп

-ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯ

 

04.10.2024сол  н.Шаҳристон

Санаи 4 октябри соли 2024 соати 10-00 дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки роҳбарияти ноҳия, фаъолон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту корхонаҳо, собиқадорон, омӯзгорон, табибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, Ҷамоатҳои деҳот, ҷавонон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар чорабинии мазкур кулли мардуми меҳнатдӯсти ноҳияро раиси ноҳия муҳтарам Баҳодур Акрамзода табрик намуда, қайд гардид, ки тарғиб намудани забон ва сиёсати давлатӣ оид ба амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар тамоми ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ гузоштанро зарур шуморида, ҷиҳати таъмини иҷрои бечинучарои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» дар ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо ба мақсад мувофиқ донистанд.

Баъдан аз тарафи санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия шеъру сурудҳо дар васфи Забони давлатӣ, Тоҷикистон, Истиқлолият, Ватан гузаронида шуда, таъби иштирокчиёни ҷамъомадро болидахотир гардониданд.

Таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия дар сатҳи баланди сиёсиву маданӣ ва фароғатӣ гузаронида шуд.

Навгонихо ( 04.10.2024 13:26 )