СОКИНОНИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН БАР ИВАЗИ САФАРИ ҲАҶ ДЕҲАҲОРО ОБОД МЕКУНАНД

Чоп

 

-СОКИНОНИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН БАР ИВАЗИ САФАРИ ҲАҶ ДЕҲАҲОРО ОБОД МЕКУНАНД
Дар ноҳияи Шаҳристон ҷиҳати фарогирии хурдсолон ба таълиму тарбия боз як кӯдакистони нав таъсис дода шуд.
Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз муассисаи томактабӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои мавҷуда пас аз таъмир ба муассисаи таҳсилоти томактабӣ мутобиқ карда шуда, дар марҳилаи аввал дар се гурӯҳ 85 нафар кӯдакон фаро гирифта шуданд. Дар кӯдакистон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, муассисаи дорои ошхона низ мебошад. Ба иттилои масъулин айни замон дар ноҳия ду кӯдакистон фаъолият дошта, сол аз сол талабот ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ зиёд мегардад.
Бояд таъкид кард, ки сокинони ноҳияи Шаҳристон ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар баён шуда буд, корҳои ободониву созандагиро анҷом дода, саҳми худро дар ободонии маҳал мегузоранд. Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат сокинон маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро ба корҳои хайру савоб сарф намуда истодаанд. Масалан, чанде аз сокинони деҳаҳои Ободӣ ва Себзори деҳоти Бунҷикати ноҳия дар назди муассисаҳои таълимӣ ошхонаҳои нав бунёд карда, ба истифода супоридаанд. Ошхонаи назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 бо харҷи 400 ҳазор сомонӣ ва ошхонаи назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 низ бо харҷи 400 ҳазор сомонӣ сохта шуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст.
Саҳми сокинон дар мумфаршкунии роҳи байни деҳаҳо низ шоистаи ёдоварӣ аст. Ташаббуси аҳолии деҳаҳои Суғдиёну Ободӣ ва саҳмгузории чанд нафаре, ки барои ҳаҷ маблағ ҷамъ оварда буданд, сабаб шуд, ки 3,7 километр роҳи ҷамоати Бунҷикат мумфарш карда шавад.
Раиси вилоят дар суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ноҳия аз иқдомҳои неки онҳо хуш истиқбол карда, барои иҷрои корҳои хайру савоб изҳори сипос намуд. Қайд гардид, ки мардуми шарафманди вилоят бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагиро иҷро намуда, барои ободу зебо гардидани деҳаву шаҳракҳо саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар поёни сафари корӣ роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадори соҳаи кишоварзӣ Мавлон Эргашев хабар гирифта, ба ӯ саломатии комил ва умри бардавом таманно намуд. Мавриди зикр аст, ки номбурда тӯли солҳои зиёд дар соҳаи кишоварзӣ кор карда, ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст.