ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НӮҲ МОҲАИ БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ НОҲИЯ

Чоп

 

-ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НӮҲ МОҲАИ БАХШИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ НОҲИЯ
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия баргузор гардид. Дар ҷамъбасти бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия муовини раиси ноҳия Ҳоҷимуродзода Ҷасур ва Бойзоқова Зарифа - мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия иштирок намуданд. Инчунин, дар толор мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, раисони шурои занони деҳаву муассисаҳои таълимӣ, фаъолзанҳо ва собиқадорон ширкат варзиданд.
Сараввал Бойзоқова Зарифа - мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия вобаста ба фаъолияти нӯҳмоҳаи бахш ҳисобот пешниҳод намуд.
Дар рафти чорабинӣ вобаста ба дастовардҳои бахш, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, хушунат дар оила, тақлид ба фарҳанги бегона аз тарафи занону бонувон ва дигар масъалаҳо гуфтушунидҳо доир гардид.
Дар охир аз тарафи Ҳоҷимуродзода Ҷасур дар ин самт вазифагузориҳо карда шуд.