БАИСТИФОДАДИҲИИ ОШХОНА ДАР НОҲИЯ

Чоп

-БАИСТИФОДАДИҲИИ ОШХОНА ДАР НОҲИЯ

25.10.2024сол н.Шаҳристон

Имрӯз дар деҳаи Шаҳристон бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ошхонаи замонавӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Баҳодур Акрамзода мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Ошхонаи мазкур бо дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Очилов Қобилҷон сохта шудааст.

Дар ошхонаи мазкур мувофиқи табъи мизоҷон зиёда аз 20 намуд хӯрокҳои гуногуни болаззат ва хӯришҳо аз тарафи ошпазҳои маҳаллӣ омода гардида, метавонад дар як вақт 100 нафар меҳмононро қабул намояд.

Дар рафти чорабинӣ ба ду нафар Сипоснома ва ба се нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат тӯҳфаи раиси ноҳия супорида шуд.

Дар ин радиф ду нафар кӯдакони ятими кул аёдат карда шуд.