ВОХӮРИИ СОХТОРҲОИ ДАХЛДОРИ НОҲИЯ БАХШИДА БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024 "СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ" БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ЧАШМАСОР

Чоп

 

-ВОХӮРИИ СОХТОРҲОИ ДАХЛДОРИ НОҲИЯ БАХШИДА БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024 "СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ" БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ЧАШМАСОР
31.10.2024сол н.Шаҳристон
Санаи 30.10.2024 сол дар асоси нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Шаҳристон дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони деҳаи Чашмасор, Ҷамоати деҳоти Шаҳристон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Ҳоҷимуродзода Ҷасур - муовини раиси ноҳия, Муҳиддинов Боймурод мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳристон, Маликзода Шамсиддин мудири шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ноҳия ва Ӯсаров Бобур муовини раиси Ҷамоати деҳоти Шаҳристон иштирок ва суханрони намуданд.
Суратгузориш аз рафти вохӯрӣ.