-ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР НОҲИЯ
Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлиси тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5 ноябри соли 2024 соати 9-00 дар толори Қасри фарҳанги ноҳия маҷлиси тантанавӣ бо иштироки муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, аъзоёни гурӯҳи ҷавонони “Авангард”, собиқадоронии меҳнат, фаъолон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои деҳот, иштирокчиёни барқароркунии сохти конститутсионӣ, ҷанговарони байналмилал, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо баргузор гардид.
Дар маркази ноҳия ва назди ташкилоту корхонаҳо шиору овезаҳо вобаста ба ҷашн ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб гардида, маркази ноҳия рамзи идона гирифт.
Дар маҷлиси тантанавӣ бо ҳамроҳии раиси ноҳия муҳтарам Баҳодур Акрамзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Азамат Азимӣ иштирок намуданд.
Роҳбарияти ноҳия ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми ноҳияро табрик намуданд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Азамат Азимӣ баромад намуда, табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба кулли мардуми ноҳия қироат намуданд.
Дар ҷамъомад якчанд нафар роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон, иштирокчиёни сохти конститутсионӣ бо Сипоснома ва тӯҳфаи Раиси ноҳияи Шаҳристон сарфароз гардонида шуданд.
Баъдан аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.
Вобаста ба ҷашн дар тамоми ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои маориф, фарҳанг ва тиб конференсияву мизҳои мудаввар доир гардид.
Бахшида ба ҷашн ба пиронсолону маъюбон ва ятимон, иштирокчиёни сохти конститутсионӣ ва афсарони дар ҷанг ҳалокгардида, оилаҳои бепарастор, табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва оилаҳои маъюбдошта бо маводҳои хӯрока аёдат ташкил ва гузаронида шуд.
Дар қисмҳои ҳарбии дар ҳудуди ноҳия мавҷудбуда, қисми ҳарбии 03040-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи “Дуоба” ва дидбонгоҳҳои сарҳадии “Шаҳристон”, “Фирдавсӣ”, “Себзор” ва “Лолазор” маводҳои хӯрока таъмин ва дастархони идона ороста шуд.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия дар сатҳи баланди сиёсӣ ва маърифатию фарҳангӣ доир гардид.