-ПАЁМИ
табрикотии Раиси ноҳияи Шаҳристон муҳтарам Баҳодур Акрамзода ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мардуми саодатманди ноҳияи Шаҳристон!
Бо қабул гардидани Қонуни Асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ гардид. Боиси фараҳмандӣ ва хушбахтӣ аст, ки маҳз 6- ноябр ҳамасола сартосари Ҷумҳурии азизамон ид дорад ва ин санаи бузургро бо як шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда, се маротиба бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи озодиҳои инсон ва кафолати онҳо мусоидат мекунад. Конститутсияи кишвари мо “дастоварди бузурги миллӣ” ба ҳисоб меравад, чунки он дар давраҳои бениҳоят душвору баҳснок ва аз ҷониби тамоми мардуми Тоҷикистон баррасӣ гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули ин ҳуҷҷати муҳиму тақдирсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо, аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».
Дар мудати 30 – сол ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ташкилоту муассисаҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст, ки самараи ҳамкори ҳохело назаррас
мебошанд.
Ин санади тақдирсози миллат бо ташаббуси ваҳдатофаринӣ ва меҳанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заковату иродаи мардуми тамаддунофари тоҷик қабул гардида, барои амалӣ гардидани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик ҷиҳати эъмори бинои муҳташами Истиқлолият ва ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон мусоидат намудааст.
Сӣ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид.
Натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионӣ аст, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст.
Боварӣ дорам, ки бо дастгирӣ ва саъю талоши мардуми заҳматпеша ва бонангу номуси ноҳияамон иҷрои вазифаҳоеро, ки роҳбарияти мамлакат дар назди мо гузоштаанд, минбаъд низ бомуваффақият ва сарбаландона таъмин карда метавонем.
Барои ин ҳоло аз ҳар як фарди худогоҳу ватанпараст мебояд, ки ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣ карда, тамоми кӯшишу ғайрати хешро баҳри пешрафти давлати мустақили тоҷикон ва эътибори Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ равона созад.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи Шуморо бо таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳату саломатӣ, хонаи обод ва сарбаландиву комёбиҳо таманно дорам.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!