БАИСТИФОДАДИҲИИ БУНГОҲИ ТИББӢ

Чоп

 

-БАИСТИФОДАДИҲИИ БУНГОҲИ ТИББӢ
Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёди деҳаи Шаҳристон бунгоҳи тиббӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Баҳодур Акрамзода мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Бунгоҳи тиббӣ бо маблағгузории сокини ватандӯсти ноҳия Баҳромов Юсуф аз ҳисоби маблағи ҳаҷи умра, сокинони маҳалла ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ба маблағи 230 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Раиси ноҳия муҳтарам Баҳодур Акрамзода тамоми сокинони маҳаллаи Сари-инҷосро бо 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барои саҳмгузорӣ ба бунёди бунгоҳи тиббӣ миннатдорӣ изҳор намуданд.
Дар охир ба 4 нафар сокинони маҳаллаи болозикр Сипосномаи раиси ноҳия супорида шуд.