ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОЪИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

Чоп

-ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОЪИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

15.11.2024сол н.Шаҳристон

Ҷиҳати хотирмон таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шуроъи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия ва мавриди амал қарор дода шуд.

Бахшида ба ҷашн дар ҳудуди ноҳия шиору навиштаҷоти тарғиботӣ насб карда шуда, дар муассисаҳои маориф, фарҳанг лкск-и ноҳия ва корхонаву ташкилотҳо конфронсу суҳбатҳо дар мавзӯъҳои «Таҷлили Рӯзи Президент-рамзи муҳаббат ба Ватан», «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- рамзи эҳтиром ва садоқат», «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ» ташкил ва гузаронида шуд.

Санаи 14 ноябр дар муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳия», дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №19-и деҳаи Ободӣ конфронси илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Президент – кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ва дигар корхонаву ташкилотҳо баргузор гардид.

Санаи 15 ноябр дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон васолгарди Иҷлосияи XVI Шуроъи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Баҳодур Акрамзода, муовинони Раиси ноҳия, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Азамат Азимӣ, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сокинони касбу кори гуногун ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардида, ҳозиринро роҳбарияти ноҳия бо ҷашни фархунда табрик намуданд.

Баъд аз қисмати расмии чорабинӣ барномаи консертии омоданамудаи кормандони муассисаҳои фарҳанг ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон васолгарди Иҷлосияи XVI Шуроъи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо як шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.