ФЕСТИВАЛИ "САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ" ДАР НОҲИЯ

Чоп

-ФЕСТИВАЛИ "САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ" ДАР НОҲИЯ

 

Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳия дар асоси мактуби шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади фарогирии бештари аҳолӣ бо хизматрасонии молиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатии молиявии истифодабарандагони чунин хизматрасонӣ фестивали "Саводнокии молиявӣ" баргузор гардид.

Раиси ноҳияи Шаҳристон муҳтарам Баҳодур Акрамзода фестивали мазкурро ифтитоҳ намуда, ба иштироккунандагони фестивал барору комёбӣ таманно намуданд.

Муовини мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Сираева Зебо Рӯзибоевна дар баромади худ вобаста ба мақсад ва хизматрасонии молиявӣ сухан ронданд.

Дар рафти фестивал аз тарафи баромадкунандагон вобаста ба моҳияти хизматрасонӣ ва чи тавр фиребгарони шабакаҳои иҷтимоиро муайян намудан ба ҳозирин фаҳмонида шуд.

Дар идома баромадкунандагон бо ҳозирин саволу ҷавоб доир ба баромадашон баргузор гардида, ба шахсони ҷавоби мушаххас гардонида туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.