-Табрикотии Раиси ноҳияи Шаҳристон
муҳтарам Баҳодур Акрамзода бахшида ба
Соли нави мелодии 2025
Ҳамдиёрони азиз!
Бо дастоварду музаффариятьо ва комёбиҳои зиёд соли 2024 ьам сипарӣ гардида, мо Соли нави мелодии 2025-ро бо як ҷаҳон орзую ниятҳои нек, бо умеди таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боварӣ ба ояндаи нек истиқбол менамоем.
Бояд зикр намуд, ки соли 2024 барои тамоми сокинони кишварамон соли бобарор, вусъати иқдомҳои созандагию бунёдкорӣ, соли арҷгузорӣ ба хизматҳои бузург ва бебаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, дар ин соли таърихӣ мо ҷашни бузурги 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд ва бо нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ таҷлил намудем.
Соли 2024 дар қабули меҳмонони олиқадр дар вилояти Суғд ва ба истифодадиҳии иншоотҳои ҷашнии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, муассисаи томактабии Кӯдакистони №1 ва бунгоҳҳои тиббӣ Шумо мардуми меҳнатқарини ноҳия низ дар баробари дигар кормандони касбу кори гуногун саҳми арзандаи худро гузоштед.
Ҳамдиёрони азиз!
Муҳимтар аз ҳама дар соли 2024 дар тамоми соҳаҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ноҳия таъмин гардида истодааст.
Дар давоми соли 2024 баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободониву бунёдкориҳо дар ноҳия аз ҳисоби ҳоҷиён ва шахсони саховатпеша ба маблағи 3 млн 325 ҳазор сомонӣ, барои сохтмони ошхона дар назди якчанд муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ ва мумфаршкунии роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта ба роҳ монда шуд.
Дар ин радиф мо бо ғамхориву ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ барои боз ҳам ободу зебо гардидани ноҳияи зебоманзари Шаҳристон кӯшиш намуда, ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ пешвоз хоьем гирифт.
Умедворӣ онем, ки Соли нави 2025 ба марҳилаи навбатии болоравии худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва густариши корҳои созандагӣ ба хотири ободии Ватанамон табдил меёбад.
Бо чунин ниятҳои нек сокинони ноҳияро ба муносибати Соли нави мелодии 2025 самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатии бардавом, барори кор ва дар амалӣ гардидани нақшаву ниятҳои некатон комёбиҳо орзу менамоям.
Соли нав муборак, ҳамдиёрони азиз!