МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

Чоп

-МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ соҳаи маорифро дар ҷойи аввал қарор додаанд. Баҳри ҳавасмандгардонии ин соҳа ҳамаҷиҳата кӯшиш варзида истодаанд. Яке аз ин кӯшишҳояшон ин таъсиси стипендияҳои Президентӣ ва раиси ноҳия мебошад.

Мавриди зикр аст, ки аз таъсис ёфтани стипендияҳо, яъне аз соли 1998 то соли 2024 теъдоди стипендияҳои Президентӣ ва маблағи он марҳила ба марҳила зиёд гардида истодааст.

Имрӯз дар толори хурди мақомоти иҷроия аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Рабим ба 20 нафар хонандагони болайоқат стипендияи Раиси ноҳия супорида шуд.