МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

Чоп

-МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

21.01.2025 сол н.Шаҳристон

Имрӯз дар толори бинои маъмурии  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон бо иштироки и.в. Раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Рабим, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Ҷаҳонгир Салим ва муовини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон Ғоибов Соҳибҷон ва фаъолони ҳизб доир гардид.

Маҷлиси Кумитаи ҲХДТ дар ноҳия  бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ба муҳокимаи Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон масъалаҳои зерин пешниҳод карда шуданд:

1.  Натиҷаи фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти соли 2025;

2. Тасдиқи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроия  барои нимсолаи якуми соли 2025;

3. Пешбарии номзадҳо ба маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд;

4. Пешбарии номзадҳо ба маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳристон;

5.  Масъалаҳои ҷорӣ.

Доир ба масъалаи якум муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ғоибов Соҳибҷон баромад намуда  вобаста ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия ахбори муфассал пешниҳод намуд.

Масъалаи дуюми рӯзномаи Маҷлис тасдиқи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроия барои нимсолаи якуми соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқ карда шуд.

Баъдан, доир ба масъалаи сеюм ва чоруми рӯзномаи Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва ноҳияи Шаҳристон пешниҳоду муаррифӣ ва бо ҷонибдории аъзои фаъол пешбарӣ гардиданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Ҷаҳонгир Салим зимни суханронӣ вобаста ба мақсаду мароми ҳизби созанда ибрози ақида намуд.

Дар охир, и.в. Раиси ноҳияи Шаҳристон Ғафурзода Рабим дар баромадашон чунин зикр намуданд, ки ҳизбе, ки бо ҳадафҳои олии миллатсозиву давлатсозӣ вориди сиёсат шуду бо нерӯ ва ҳадафу барномаҳои созандаи худ, бо такя ба нерӯи бузурги халқ дар кишвари ҷангзада пойдевори сулҳу ваҳдатро гузошт, миллати пароканда ва ноумедро сарҷамъ карда, ба мардум умеди дубораи зиндагии шоиста дод.

Бо назардошти таҳаввулоту  сиёсии чаҳонӣ ва раванди омӯзиши таърихи ташаккули ҷомеа ба ин хулоса расидан мумкин аст, ки дар миёни ҳамаи сохторҳои мавҷудаи низоми давлатдорӣ танҳо ҳизби сиёсии пурқувват метавонад мафкураи ҷомеаро ба даст гирад, тарбия намояд, шакл диҳад ва истифодаи дурусти шохаҳои ҳокимият ин тафаккуро бо роҳи давлатсозию миллатсозӣ раҳнамоӣ кунад.

Ба бахти миллати тоҷик дар давраҳои бесару сомонӣ ихтиёри давлатдорӣ ба дасти шахсияти бо ирода ва миллатдӯсту ватанпарвар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омад ва ӯ бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти замон ва зиддиятҳои мафкуравӣ дар андешаи таъсис додани ҳизбе афтод, ки тавонад таввасути он миллатро аз буҳрони идеологию сиёсӣ берун созад.

Бояд қайд намоям, ки солҳои охир дар ҳар гӯшаву канори минтақаи кишвар баробари қомат афрохтани биноҳои таъиноташон гуногун биноҳои маъмурии ҲХДТ бунёд гардида истодааст. Дар ин ҷода қайд кардан бамаврид аст, ки дар рӯзҳои таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки собиқ муовини аввали Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ дар ноҳияи Шаҳристон бинои нави маъмурии ҲХДТ мавриди истифода қарор дода шуд, ки барои боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбиён яке аз иқдомҳои нек арзёбӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки санаи 2 марти соли 2025     маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакили маҷлиси вакилони халқ, ки имрӯзҳо мамлакат дар арафаи он қарор дорад, аз ҳар як шаҳрванди кишвар маданияти баланди сиёсӣ ва дониши баланди ҳуқуқиро талаб менамояд. Моҳияту хусусиятҳои интихобот дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар оварда шудааст: “Ҳар инсон ҳақ дорад дар идораи корҳои кишвари худ бевосита ё тавассути намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, ширкат кунад”.

Иштирок дар интихобот ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди ба синни 18 расида буда, он бояд дар доираи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда шудаву амалӣ гардад. Тибқи моддаи 33 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  5 сол барои узви Маҷлиси миллӣ ва 5 сол барои вакили Маҷлиси намояндагон ва мутобиқи моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» 3 сол барои вакилони Ҷамоатҳо муқаррар шудааст.

Бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар  ин маракаи сиёсӣ ҳар яки мо иштирок намуда, ба номзади арзандае, ки барои пешрафти Ватани азизамон хизмат мекунад овоз медиҳем.

Дар идомаи суханронӣ Ғафурзода Рабим и.в. Раиси ноҳияи Шаҳристон Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Ҷаҳонгир Салимро барои таъин шудан ба вазифаи пурмасъулият табрик намуда, дар иҷрои ӯҳдадориҳои он барору комёбиҳо орзу намуданд.

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бо садо додани Суруди миллӣ ба анҷом расид.

Навгонихо ( 21.01.2025 18:52 )