ОМОДАБОШИИ КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН БА КИШТУ КОРИ БАҲОРӢ

Чоп

-ОМОДАБОШИИ КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН БА КИШТУ КОРИ БАҲОРӢ

 

Имрӯз муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварда, аз ҳолати омодабошии кишоварзони ноҳия барои кишту кори баҳорӣ ва аз захираҳои картошкаи тухмӣ дидан намуданд.

Зиёзода Сулаймон муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат бо раисони хоҷагиҳои кооперативӣ қайд намуданд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   заминҳо барои истифода ба аҳолии деҳот тақсим карда шуд, ки ин амал барои таъмин намудани аҳолӣ бо озуқа мусоидат менамояд.

Дар давраи истиқлол ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои рустанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва таъминот бо техникаи кишоварзӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Шаҳристон, ки яке аз ноҳияи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад зарур аст, ки кишти картошкаро дар заминҳои обӣ бисёр намуда, кӯшиш ба харҷ диҳед, ки дар як сол аз як замин ду се маротиба ҳосил гиред.

Бо назардошти тағйирёбии иқлим қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ба тавсиб расид, ки мақсади асосии ин барнома солимгардонии муҳити зист,  коҳиши газҳои гулхонаӣ,  таъмини рушди иқтисодиёти «сабз», бунёд, барқароркунии ҷангалзорҳо ва тасмаҷангалҳо, барқароркунии хатҳои муҳофизати ҷангал (дар заминҳои таъиноти кишоварзӣ),  таъмини рушди устувор ва амнияти экологӣ,  кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист бо роҳи андешидани тадбирҳо оид ба мутобиқшавӣ ба тағийрёбии иқлим, таҳияи механизми иқтисодии кабудизоркунӣ, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ оид ба масъалаи кабудизоркунӣ ва зиёд намудани шумораи ниҳолхонаҳо ва хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ мебошад.

Маҳз ба ин хотир аз роҳбарияти ноҳия сар карда ҳамаи сокинон вазифадоранд, ки барои иҷрои Барномаи мазкур кӯшиш намуда, шумораи боғҳо ва дарахтони сояафканро дар ноҳия зиёд намоянд.

И.в. Раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Рабим  дар охир қайд намуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳо, Барномаҳо Стратегияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кишоварзӣ аз тамоми шароитҳои мавҷуда истифода мебаранд.