-ОҒОЗИ КОРИ АЗНАВСОЗИИ МТМУ№18-и БА НОМИ ХУДОЁР ОТАБОЕВ
Имрӯз и.в. Раиси ноҳия Ғафурзода Рабим бо ҳамроҳии намояндаи сармуҳандиси идораи сохтмони асосии вилояти Суғд Маҳмудов Рустам Пӯлотович ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ба номи Худоёр Отабоев ташриф оварда аз ҳолати муассиса дидан намуда, барои омода намудани хуҷҷатҳои зарурии сохтмони бинои нави муассисаи мазкур дастурҳо дода шуд.
Лоиҳаи бинои нави муассиса аз 3 ошёна бо таҳхона иборат буда, барои 640 нафар хонанда дар як баст хизмат менамояд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ба номи Худоёр Отабоев соли 1936 бо тариқи ҳашар сохта шуда айни ҳол, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.