ТАҶЛИЛИ 32-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН!

Чоп

 

-ТАҶЛИЛИ 32-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН!
Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 21 феврали соли 2025 дар толори Қасри фарҳанги ноҳия маҷлиси тантанавӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур бо ҳамроҳии и.в. Раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Рабим иштирок намуда, иштирокчиён ва кулли мардуми ноҳияро бахшида ба ҷашн табрик намуданд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори Раёсати Хадамоти зиддииҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Азамат Азимӣ табрикоти Раиси вилояти Суғдро ба ҳозирин расониданд.
Дар идомаи чорабинии мазкур ба якчанд нафар кормандон ва собиқадорони ниҳодҳои гуногуни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия Сипоснома туҳфаи Раиси ноҳия ва комиссариати ҳарбии ноҳия сарфароз гардонида шуд.
Инчунин пас аз қисми расмии чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи бахши фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардид.
Таҷлили 32-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия дар сатҳи зарурии маъданию фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронида шуд.