-ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МИОДАР

Чоп

-ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МИОДАР

Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои тантанавӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят санаи 7 марти соли 2025 соати 10-00 дар толори Қасри фарҳанги ноҳия Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.

Дар маҷлис роҳбарияти ноҳия ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Азамат Азимӣ иштирок намуданд.

Инчунин, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, Ҷамоатҳои деҳот, занони фаъол, занон-бонувони пешқадами соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия, раисони шӯрои занони деҳаҳо модароне, ки фарзандонашаон дар хизмати ҳарбибуда ва дар даъвати баҳорӣ ба хизмат фиристонанда иштирок намуданд.

Роҳбарияти ноҳия кулли модарон-бонувони ноҳияро бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар табрик намуданд.

Сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Азамат Азимӣ бонувонро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  табрик намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ ба 8 нафар бонувони пешқадам ва собиқадорони касбу кори гуногуни бо Сипоснома ва тӯҳфа,  80 нафар занҳои касбу кори гуногун бо тӯҳфаҳои раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

Инчунин аз тарафи и.в раиси ноҳия 9 нафар модарони куҳансоли ноҳия дар манзили истиқоматиашон аёдат ташкил ва гузаронида шуд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи театрикунонидашуда ва консертии санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия ва консерваторияи шаҳри Хуҷанд пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Иди Рӯзи Модар дар ҳудуди ноҳия дар сатҳи баланди сиёсӣ ва маърифатию фарҳангӣ доир гардид.