САФАРБАРИИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.
Имруз дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон дар назди парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими гусели баҳории ҷавонони даъватшаванда ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Шаҳристон муҳтарам Ғафурзода Рабим, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони комиссарияти ҳарбӣ, волидайни даъватшавандагон ва сокинон иштирок карда, наваскаронро ба хизмати ҳарбӣ дар фазои тантанавӣ баҳри ҳифзи марзу буми ватан гусел намуданд.
Сараввал, раиси ноҳия суханронӣ намуда, иброз намуданд, имруз мо шукрона аз соҳибистиқлолии мамлакатамон дар фазои тинҷиву осудагӣ ҷавонони бонангу номуси ноҳияро, ки бо руҳияи баланди ифтихори миллӣ, яке аз рукнҳои асосии ҳар як давлати мустақилу озод Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбанд сафарбар намуда истодаем. Боиси ифтихор аст, ки айни ҳол ҷавонони ноҳияи Шаҳристон низ бо эҳсоси баланди ватандорӣ дар баробари саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистони азизамон, содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намуда, барои ҳифзи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Зикр гардид, ки имрӯз ҳар як сокини ноҳияи Шаҳристон бо чунин ҷавонони бонангу номуси диёр, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда истодаанд, сидқан ифтихор мекунанд. Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳ ба як сутуни муқтадири ҳимояи марзу бум ва тамомияти арзии кишвар табдил ёфтаанд. Ҳукумати мамлакат ва мардуми тоҷик дар шахсияти афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизони боэътимоди Ватанро мебинанд ва ба онҳо ифтихор доранд.
Бо изҳори миннатдорӣ ба волидайни даватшавандагоне, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайваста истодаанд, раиси ноҳия ба ҳамаи онҳо ба ин рӯзи пуршараф табрику муборакбод намуда, ба наваскарон сиҳату саломатӣ, далериву ҷасурӣ ва дар адои қарзи шаҳрвандиашон барору комёбиҳо таманно намуданд.
Баъдан чун анъана маросими мардумӣ бо ниятҳои нек “Нонгазон” аз ҷониби модарони мушфиқу меҳрубони даъватшудагон баргузор гардид.
Дар қисмати дигари чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангии худро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.
Ҳамзамон барои сарбозону афсарон дастархони идона ороста шуд.